БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ПЕШГИРИИ САЛОМАТӢ ТАЛОШ БОЯД КАРД

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар маҳаллаи Дӯстӣ 6-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ барои самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ва пешгирии бемории коронавирус бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Дар рафти суҳбату вохӯриҳо масъулин ба мардум барои ҷиддӣ риоя намудани гигиенаи шахсӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва таъмини бозори истеъмолии шаҳрвандон бо меваю сабзавоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дастуру тавсеаҳои муҳим пешниҳод карда,  ҳамзамон ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатиро дастрас карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg