БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПӮШИДАНИ НИҚОБ БА МАНФИАТИ ХУД ВА АТРОФИЁН АСТ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Бохтар ба номи Раҳмон Мӯрчаев ҷаласаи Ситоди вилоятӣ таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони гурӯҳи корӣ иштирок дошта, аз ҷумла қайд гардид, ки имрӯз дар вилоят шиддати сироятёбӣ ба бемории коронавирус паст шуда бошад ҳам, бархе аз шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқобҳои тиббӣ гаштугузор карда истодаанд, ки ин рафтори онҳо ба атрофиён ва худи онҳо хатари ҷиддӣ дорад. Аз  ин рӯ, моро лозим аст, ки ба шаҳрвандон дуруст фаҳмонем, ки  пӯшидани ниқоб ба манфиати онҳо ва атрофиён аст.

Дар идома дар кӯчаҳои ба номи Норинов, Мирзоқодирова, Бобоҷон Ғафуров, Логинов ва бозори “Фаровон- Қӯрғонтеппа” аъзои Ситоди вилоятӣ ва шаҳрӣ корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида, бо сокинон суҳбатҳо оростанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg