БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОЛОНТЁРОН БА АЁДАТИ ҶАВОНОНИ МАЪЮБ РАФТАНД

БОХТАР.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз аъзои маҳфили “Волонтёрон”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба аёдати чанд тан аз наврасону ҷавонони маъюб, ки дар шаҳри Бохтар истиқомат доранд, рафтанд. Волонтёрон бо ҳамсолони худ ҳамсуҳбат шуда, 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар шодбош гутфанд, ба онҳо тансиҳатӣ, умри дароз ва осудагии рӯзгорро таманно карданд. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати кишвар, аз ҷумла, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбати шахсони маъюб ғамхорӣ зоҳир намуда, барои беҳбуд бахшидани зиндагии онҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад. Аз ин рӯ, лозим аст, ки ҳамеша шукронаи тинҷиву осудагии давлат намуда, зери ливои ваҳдату ягонагӣ умр ба сар барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg