Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади дасти кумак дароз намудан ба сокинони ноҳияи Хуросон, ки бар асари офати табиӣ зарар дидаанд, 25 нафар волонтёрон сафарбар карда шуданд. Ҳайати волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар минтақаҳои сохтмонӣ барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа саҳми худро гузоштанд. Чунин амалҳои неку ватандӯстона пайваста аз ҷониби ҳизбиён роҳандозӣ гардида, онҳо барои бартараф кардани корҳои сохтмонӣ ва ҳарчи зудтар ба истифода додани хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.