БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешгирӣ намудан аз ҳама гуна бемории сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии пандемия COVID-19 дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, корҳои лозимаро дар ин самт бо маром идома дода истодаанд.

Ҳангоми бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ кормандони масъули ҳизбӣ дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ деҳаи Зиракӣ ибрози андеша намуданд, ки тавре медонем имрӯз яке аз бемории сироятии коронавирус дар тамоми дунё паҳн гардидааст ва воқеан ҳам тамоми мардуми дунёро ба ташвиш овардааст. Аз оғози пайдоиш ва дарёфти ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта бо дастгириҳо ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳо андешида шуда, барои пешгирӣ аз ин беморӣ тамоми сохторҳо муввазаф гардиданд ва пайваста фаъолияти пурсамар карда истодаанд.

Ҳамзамон, баҳри эмин нигоҳ доштани саломатии сокинон дар рафти корҳои таблиғотӣ 115 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 100 адад ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои серодам ва намоён  тақсим ва дастраси мардум гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg