БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲ ВА УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ТАҲДИДҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МИЁНИ ҶАВОНОН

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои замони имрӯз, бахусус терроризм ва экстремизм ҳамчун шарики табиӣ тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, бо доир кардани чорабиниҳои сатҳи баланд омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо ва муборизаи самарабахш дар ин арса ифода менамояд.

Қабул ва татбиқи як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла соли 1999 Қонуни ҶТ Дар бораи мубориза бар зидди терроризм  ва соли 2003 Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”  қабул карда шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягонаи ҶТ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм» соли 2006 ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ карда шудааст, ки ин тадбирҳои пешгирӣ ҷиҳати ошкору тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм боназардошти вазъи тағйирёбандаи ҷамъиятиву сиёсии кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Раванди номатлуби ба гурӯҳҳои номатлуби иҷтимоӣ пайвастани ҷавонон дар тамоми сайёра, аз ҷумла кишвари мо аз он шаҳодат медиҳад, ки пайравони гурӯҳҳои террористӣ роҳҳои нисбатан осон ва пуртаъсири таблиғу тарғиби ақидаҳои ифротиро ба роҳ монда, ҳамчун вабои аср ба амнияту давлати кишвар хатар эҷод мекунанд. Вале мушкилоти асосии ҷавонони мо ин огоҳ набудан аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ ба шумор рафта, ба он натиҷагирӣ мешавад, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳ дар мақсадҳои ғаразнок ва зиддидавлатию зиддимилии гурӯҳҳои террористӣ шарик мешаванд. Ҳадафҳои ғаразноки ин гурӯҳҳои ифротиро метавон дар филми мустанади «Хиёнат», ки тавассути тамоми шабакаҳои телевизионӣ пахш гардида, вокуниши ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард, метавон рушан дарк кард.  Вале «Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан-Модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».

Дарки  ин нукта зарур аст, ки идеологияи ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зидди идеологияи миллии мо, истиқлолияти давлат, аз ҷумла ҳар як нафари мо равона гардидааст. Бар муқобили он имрӯз зарур аст, ки идеяҳои сатҳи баланд матраҳ шуда, мавриди амал қарор бигиранд ва  ҷомеаи шаҳрвандиро ба роҳи рушду пешрафт  расонад.

Имрӯз Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла ҷавонон кафолат додааст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳи муҳоҷират ин падидаи хатарзо хоҳад буд. Вале дар ин баробар тарғиби идеяҳои миллӣ, дарк  ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ бояд маҳаки асосии мафкураи миллии ҷавонони мо бошанд. Зеро дар вазъияти ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои фард боло мегузорад, хеле муҳим аст.

Ҳамзамон баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст.

Зери назари насли калонсол қарор доштани зиракии сиёсии ҷавонон, назорати қатъии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи волидайн, робитаи мустаҳками мактаб ва оила, ҷалби наврасони соҳибзавқ ба маҳфилҳои фаннию ихтироъкорӣ, таваҷҷуҳ ба масъалаи илмомӯзии ҷавонону наврасони деҳоти дурдаст ва фароҳам овардани шароити таҳсилу фароғати онҳо корбарии ҳамарӯзаро тақозо менамояд.

Татбиқи босамари Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз насли калонсол тақозо менамояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд.

Сиёсати муваффақи  Тоҷикистон имрӯз роҳу усулҳои муосири муборизаи дастаҷаъмонаро бар зидди ин зуҳуроти манфӣ ва мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки худамон пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, насли ҷавону созандаро тарбия карда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат бигирем ва бо дасту дили пок дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем.

Итминони комил дорем, ки  ҷавонони соҳибсаодати мо рисолати ватандӯстии худро амиқан дарк намуда, бо пайравӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи манофеи давлатиро дар солҳои ояндаи давлатдорӣ низ ҳифз хоҳанд кард.

Абдусаломзода Анзурат, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg