БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН, ОСТОНИ ҶОВИДОНИ ВАҲДАТ АСТ!

АНДЕША. Ҳар субҳи барвақти он рӯзҳо сӯи бозор назди модарам   мерафтам, аммо имрӯз  аз хона  барвақттар  баромада шитобон аз назди мазоре, ки дар  шафати    шоҳроҳи   Панҷ - Қӯрғонтеппа    рӯ  ба  рӯйи  заводи пахтатозакунӣ  “Ҷудзавод”-  Ҷамоати  шаҳраки Панҷ  воқеъ  буд, овози нолаи маҳзуни зане ба гӯш мерасид.    

Нахуст тарсе вуҷудамро фаро гирифт, ки дар ин субҳи содиқ дар манзили хомӯшон кӣ бошад гуфта,    наздиктар рафтам. Ба сӯи овоз рафта, дар миёни қабрҳои ба тозагӣ пайдо шуда, кампири  лоғарандоме намоён шуд, ки бо панҷаҳои ларзон алафҳои атрофи гуреро тоза мекард. Гирёну нолон алаф мечиду аз нолаву навҳаи ҷигарсӯзаш қабристонро ваҳшати дилшикане фаро мегирифт. Гӯйё аз асари гиряҳои ҷонсӯзи модар алами парандаҳои даштии сари шохаҳои дарахтони ташналаби қабристон тоза мешуд, ки ҳамовози модари писаргумкарда нолаву шева бардошта буданд.

“Оҳ, бачаи  қоматбаланду абрукамони оча, тоири хушхону шербачаи ба нангу номусам... Оҳ бачаи қаламқошу орзуву умедҳои модар зеби хонаву ҷону ҷигари модар...оҳ бачам, оҳ бачаи ҷавонмарги оча”, -гӯён модари мотамзада сари гӯри писари чилсолаи худ мотам мегирифт. Ман дигар аз нолаҳои дилрешу войдареғи модари фарзандгумкарда тоб наоварда доштам сару рӯямро ба  дастонам   бипӯшам то садои модарро нашунавам. Охир дили инсон тобу тавони бардошти ба ин ҳад гиряҳои зору нолаҳои ҷонсӯзи модари муштипарро надорад. Ин лаҳза маро эҳсосе фаро гирифт, ки гумон кардам тамоми долу (растанӣ) дарахтони қабристон ва замину осмон ба нолаҳои модар ҳамовоз гардидаанд, ки садои гиряҳои ӯ тамоми атрофи қабристонро фаро гирифта буд:

“Ҷону ҷигари оча, табассуми зебоят куҷо шуд намегӯям, ки ҳамеша пеши чашмонам ҷилвагар аст. Ту рафтию ёди гуфтаҳои ширину хандаҳои беғашат дар гӯшу ҳушам садо медиҳад. Ту будӣ, ки ҳамдаму ҳамрози ману таскинбахши рӯзҳои мушкили ҳаётам, дастгиру мададгору мояи ҳастию ифтихорам. Оҳ бачам, оҳ бачам...очат бимурад бачам, ки тобутбардори ман будию аммо барвақтар аз ман, ин дунёи бевафоро падруд гуфтӣ.

Ҷазабаи овози дилгудози модар ончунон маро моил карда буд, ки чӣ гуна назди вай расиданамро нофаҳмида мондам.  Худоё, ин солманди мотамгирифта  холаи Гулсун будааст.  Шарфаи поямро шунида саросемавор аз ҷояш бархосту, гарданамро ба оғӯш кашида аз пешониам бӯсид.

- Мебинӣ фарзанди азиз, ки дар суроғи писари ҷавонмаргам месӯзаму намемирам. Ин қисмати модарро бубин, ки худ дар интизори реҳлат аз ин дунё аммо писари чилсолаамро ба хок супоридам, - гуфта гиря гулугираш намуд. Бо сари остини куртаи сапедаш ашки чашмонашро пок намуда, буғзи гиря дар гулӯ аз ҳолу аҳволи хонаи мо пурсон шуд.

Холаи Гулсунро чун табиби мардумӣ миёни мардум эҳтиром дошт. Натанҳо сокинони ноҳияи  Панҷ, мардумони шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят ӯро ба хубӣ  мешинохтанд. Зеро умре   фарзандону дигар пайвандони беморшудаи минтақаро шифо мебахшид. Ёд дорам боре гирифтори бемории шадиде шуда будаму, маро  “одам намешавад”  гуфта, аз беморхона ҷавоб  дода  буданд. Модарам  гирёну нолон маро назди холаи Гулсун мебарад ва ӯ ҳам аҳволи ману модарамро дида ҳазломез ба вай гуфтааст, ки  ин мурдаро  куҷо назди ман овардӣ?

Ҳамин сон, баъди шифо ёфтанам модарам ҳар сол дар мавсими расидани помидору бодиринг ва дигар маҳсулоти заминӣ ҳаққи  холаи Гулсунро ҷудо гирифта, ба ин баҳона ба дидори вай меомадем.

Ман ҳамоно хавотиромез бо дидагони ашкбор ба холаи Гулсун нигариста гуфтам,ки   бобоям  таъкид карда буданд, ки   ба мазор рафтани  зан  ҷоиз нест ва набояд онҳо вориди қабристон шаванд.   Холаи Гулсун оҳи пурдарде  кашиду; Бале, писарам барои мо мардуми тоҷик бисёр амалу кирдорҳо ношоям буд, аммо бубин, ки чӣ корҳое дар ҳаққи одамони бегуноҳ карда истодаанд. Ман ки ба ҷуз аёдати писари ғуррамаргам кори дигар накардаам.  

Ману холаи Гулсун, ки дер боз якдигарро надида будем, аз ҳолу аҳволам пурсон шуд, ки то ин замон дар куҷо қарор доштем. Аз Душанбе баргаштанамро фаҳмида, каме таскин ёфт, ки дар он шабу рӯзи мудҳиш дар ноҳияи Панҷ набудаам. Мо дубора назди гӯри писари ғуррамарги  холаи Гулсун нишастему модар аз ҳаводиси ба сарашон омада канда-канда қисса мекард. Гӯиё ба хотир овардани он рӯзҳои мудҳиш зарбаи дубора ба қалби модар буд, ки оҳу фиғони модар ба фалак печид. Баъди лаҳзаи сукут варзидан холаи Гулсун китфонамро сила карда иброз дошт. Писарам ҳоло шитобон назди модарат бирав, ки ин қиссаи ҷигарсӯзи ман дуру дароз аст. Худо хоҳад рӯзе ҳамаашро бароят ҳикоят мекунам гуфта, кампир маро ба тарафи бозор гусел намуд. Модарам ҳодисаи ба сари хонаводаи холаи Гулсун  омадаро аз ман шунида, ашк аз дида мерехту афсӯс мехӯрд, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз бештар одамони бегуноҳро аз даст медиҳем. Бегоҳии ҳамон рӯз ману модарам аз нонвойхона нони гарму майда чуйда харида, ба аёдати холаи Гулсун рафтем.

Гулсунхола  дар наздикии заводи пахтатозакунӣ зиндагӣ   дошту ва   ду писар  ва чор духтар дошт. Писари калониаш Акбаршоҳ соҳиби  зану панҷ  фарзанд  буд. Боқӣ ҳар чаҳор духтари холаи Гулсун оиладор буданд, се духтари калонӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа  (ҳозира ш.Бохтар) ва духтари хурдиаш дар ноҳияи Панҷ зисту зиндагонӣ доштанд. Паси дарвозаи манзили холаи Гулсун  расида, дарвозаро тақ-тақ кардем, барои вай одат шуда буд, ки садои дарвоза ё омадани аёдаткунандаеро дида, дарҳол ба гиря медаромад. Ӯ баъди моро ба хонааш таклиф намудан чанд лаҳзае бачамой гӯён нола карду сипас ашки дидагонашро пок намуда, ба ҳолпурсии мо оғоз намуд. Он бегоҳӣ то поси шаб холаи Гулсун ҳодисаҳои мудҳиши ба сараш омадаро барои ман қисса намуд.

“ То моҳҳои  ноябр, декабри   соли   1992 дар ноҳия тинҷию оромӣ хукмфармо буд ва касе гумон намекард, ки яку якбора гурӯҳҳои силоҳбадасте аз дигар ҷой пайдо шуда, деҳу маҳаллаҳоро ба хун оғушта месозанд, - оҳи бадарде кашида иброз дошт холаи Гулсун.       – дар деҳа камчинии ғизо мушоҳида мешуд, зеро дар мағозаҳо орду дигар маҳсулоти аввалия намонда буд. Дар хонаи мо каму ҷамъ бист нафар зиндагӣ мекардему  духтарам, ки ба писари амааш ба шавҳар баромада буд, дар ин шабу рӯз дар меҳмонии мо буданд.  Писарам Акбаршоҳ низ гарчанде хонаву дари ҷудо дошт, бо аҳли оилааш дар хонаи мо буд. Инчунин, дар хона ману писари хурдиам ба зану фарзанди 2 солааш мезистем.  Шабҳои сарди зимистон писару келинҳоям то субҳ назди заводи нонпазии   ноҳия навбат мепоиданд”,- холаи Гулсун лаҳзае сукут варзида, дубора суҳбаташро идома дод.

- Шоми   26 декабри   соли 1992  ҳаво  басо сард буду  аз осмон зарраҳои нуқрагини барф рехта замину бомҳои хонаҳоро сафед мекард. Мо аҳли оила сари хони шомгоҳӣ ҷамъ омада будем. Писарам Акбаршоҳ орому ботамкин ёдрас намуд, ки шояд фардо аз тарафи шаҳри Қӯрғонтеппа ба ноҳияи мо афсарон меоянд, то моро аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ ҳимоят намоянд. Онҳое, ки гунаҳгор буданд, аллакай ба ҷойҳои даркории худ рафта расидаанд. Мо, ки ба касе сару кор надорем дар хонаву деҳи худ мемонем ва мунтазири таъсиси ёфтани ҳукумати нав мешавем. Ман ки аз тақдири минбаъдаи писарону домодам дар хавотир будам аз онҳо пурсон шудам, ки онҳо ба куҷо мераванд. Аммо Акбаршоҳ суханашро дубора такрор намуд. Ҳамин тавр, баъди он шабнишинӣ Акбаршоҳ фарзандону домодамонро бо аҳли оилааш ба хонаи худ бурд.

Субҳи дигар соатҳои тақрибан  7-00 аз овози ғуриши танку тирпарронӣ  мардум ба таҳлука афтода, ба ҳар тараф фирор мекарданд. Дар боми хонаву саҳни ҳавлии мо, ки назди роҳи калон воқеъ буд, тир мисли борон меборид. Ману духтари хурдиям  пинҳонӣ  роҳи хонаи писарамро  пеш  гирифтем. Вақте ба хонаи  писарам  расидем дари хонаҳо кушодаву аз аҳли хонаводаву меҳмононаш дараке набуд. Бо ваҳму ҳаррос сӯйи  роҳи калон раҳсипор шудем. Ин лаҳза дар рӯ ба рӯи худ келинамро дидам, ки  гирякунон  тарафи мо меомад. “Холаҷон, писару домодатонро дар назди беморхона,  дар пеши   хонаи духтури Қурбонов ба қатл расониданд, - гӯён доду фиғон бардошт. – Бояд рафта ҷасадҳои онҳоро ба хона биёрем, ки онҳоро ба назди ҷарӣ бурда оташ мезананд”.

Ман, ки аз шунидани овози ҳалокати фарзандонам дигар чизеро эҳсос намекардам, танҳо намехостам, ки ин хабари шум ҳақиқат дошта бошад.Охир боварам намеомад, ки писари ман... Пеши чашмонам сиёҳӣ мезаду ба назар қалбам аз қафаси сина берун шудааст, ки сардие вуҷудамро фаро гирифта буд. Аз як сӯ тарси яроқбадастон аз тарафи дигар эҳсоси модарӣ маро маҷбур мекард, ки сӯи мурдаҳои худ роҳ пеш гирам. Назди хонаи духтур Қурбонов болои барф писару домодам оғуштаи хун мехобиданду духтарам  Баҳрӣ  болои сари онҳо нолаву фарёд мекард.

Мисле, ки дар хоб медида бошам, гириста -гириста писару домодамро дар аробача бор карда ба хона овардем. Дар деҳа овоза буд, ки силоҳбадастон дар хонаи касе  ҷасадеро дарёфт намоянд, ҳамагиро ба қатл хоҳанд расонид. Ман ягонбор фикр намекардам, ки модар бо дасту панҷаҳои хуншор замин канда фарзандони худро ба хок супорад. Аз тарси силоҳбадастон писару домодамро дар заминкан пинҳон намуда, болои ҷасадҳоро бо шиферу тахта пӯшонидем. Акнун намедонистам, ки ба падари фарзандонам, ки дидаҳои нобино дорад чӣ мегӯям. Он шаб ба сони гиристанҳои мо, модарони фарзандгумкарда борон мебориду меборид.

То саҳар гирёну нолон гоҳе назди мурдаҳо рафта, боз ба хона медаромадаму субҳро интизорӣ мекашидем. Худо гуфтам, ки саҳарӣ мардеро пайдо намуда мурдаҳоямонро лоаққал ба мазор бурда ба хок супорем. Он шабу шабҳои дигарро мо бо гиряву гоҳе дигар ба дуову фотеҳа дар ҳаққи ҷавонмардони ғуррамаргамон рӯз кардем. Дуо мекардем, ки кай сарвари оқиле пайдо шуда халқу Ватани моро аз куштору хунрезиҳо наҷот бахшад. Яроқро аз дасти кӯдакону  шахсони беақлу  ҷоҳил   ситонанд, ки то кай ин хунхурони асолатбохта мардумони бегуноҳро ба қатл мерасонанд. То кай хонаҳо вайрону поресаҳо ҳайрон ва модарону кӯдакон сағиру бесарпаноҳ хоҳанд буд.

Ба гуфти холаи Гулсун аз асари ин ҷанги хонумонсӯз танҳо дар хонаводаи онҳо бист тифл аз падар маҳрум гардида буданд. Ин ҷангу бедодию зулму куштори гушношунидро ҳатто дар ҷанги дуввуми ҷаҳон нашунида будем. Мутаассифона ин хуни ноҳақ, ки мерезад аз касофатии ҷойталабони мансабхоҳ буд, ки акнун худ ба лонаҳои пуштибонҳои худ фирор карда, мардумро дучори бадбахтиҳо намудаанд.

Мутаассифона, дар он шабу рӯз бар сари мо ғаму кулфат пайи ҳам меомад. Дар он рӯзҳо бародари пирам  бобои  Маҳмадро, ки  дар хоҷагии ёрирасони  Омӯзишгоҳи касбӣ- техникии ноҳия кор мекард, мепаронанд ва додарам   Расулҷон  ва   ду ҷиянамро  аз хонаашон бароварда,  дар лаби ҷар   ба қатл мерасонанд, бадтинатон бо ин амалашон ором нагирифта ҷасадҳои шаҳидонро оташ мезананд, ки ин  амали нангинро таърих ёд надорад.

Рӯзи дигар ҳамроҳи духтаронам бо роҳи пинҳонӣ ҷасади Акбаршоҳ ва домодамонро ба қабристони умумӣ   бурда, бо дасти худ ба хок супоридем. Дар он рӯз мо даҳҳо тан авлодони худро ба хок супоридем.

Қалам бишкаста розе нонавишта,

Аҷал дар синаҳо ғам дона кишта.

Ва тори умри мардони сухангӯ,

Дареғо, ин қадар кӯтоҳ ришта.

Ҷигаргӯшаҳои худро ба хок супоридему дар бозгашт ба хона садои онҳо гӯшу ҳушамонро фаро гирифта буду суратҳои зебояшон аз пеши назарам дур намешуданд. Барои як модар хоҳар ва ҳамсар бадбахттарин лаҳзаи умр ин бо дастони худ гӯр кандану дафн кардани азизонаш будааст, ки Худованд онро ба душманони мо ҳам нишон надиҳад.

Он шаб ман аз ғояти дарду алами холаи Гулсун гоҳе гирён шуда ба гоҳи дигар нафас гулӯгирам мекард, аммо бояд худро ба даст гирифта қиссаи ин модари ҷигархунро то охир мешунидам. Дили бузурги модар аст, ки ба гоҳе   нолаву фиғон боз ҳам аз Худо илтиҷо мекард, ки ин рӯзи ба сари мо омадаро ба қотилони фарзандони мо наорад...

Бо ҳама шефтаву маҳбубиятам ба пешаи рӯзноманигорӣ дар ин мавзӯъ қиссае бароям навиштан ниҳоят мушкил аст. Дар воқеъ дуову илтиҷои ҳамин гуна модарони дилшикаставу мусибатзада буд, ки бо инояти Парвардигор офтоби бахту саодат дубора  ба сари мардуми тоҷик нурафшонӣ намуд. Ин сабақи талхи таърих барои наслҳои оянда ибратомӯз гардад, ки мусибату шикасту дарду алами ҳама ҷангҳои таърих, пеш аз ҳама ба сари модарон меборад.

Ҳаминам, бо амри тақдир ва саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,   Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари биҳиштосои мо сулҳу ваҳдат ҳукмфармо буда, мардуми наслҳои имрӯзу ояндаи мо хушнуду саодатманд кору зиндагонӣ доранд.  Маҳз дуои модари худ ва кулли модарони тоҷик мададгори ин абармарди таърихсоз гардид, ки мардуми азияткашидаи моро дубора сарҷамъ намуд. Давоми солҳои соҳибистиқлолию суботи сартосарӣ мо сокинони Тоҷикистон бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатамон кишвари азизи худро ободу сарсабз менамоем. Дар интиҳо ҳаминро гуфтаниам, ки аҳли башар аз бузургию тинати поки модари тоҷик ва фарзанди барӯманди он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат меомӯзад, ки модар ба хотири сулҳу ваҳдат қотилони фарзанд ва азизони  худро бахшиду абармарди ваҳдатофараш халқу сарзамини аҷдодии моро аз маҳву парешонӣ наҷот дод. Ҳамакнун  ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва пойдору устувории сулҳу ваҳдат мебояд, сарҷамъ бошему баҳри ободию рушду пешрафти ояндаи Тоҷикистони азиз, саҳми худро бирасонем.

      Дӯстон, бо ҳам бисозед, ин замони ваҳдат аст,

      Ҳамдилу ҳамдард будан ҷисму ҷони давлат аст.

 

Мешавад  Сурхобу Хингоб оқибат Вахши бузург,

Ин баҳамоӣ,нигар, рӯди дамони  ваҳдат аст.

 

Муҳаббат Нуралиева, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg