БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС - ВАЗИФАИ ҲАР ФАРД

АНДЕША. Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломадаи пандемияи сирояти коронавирус  дар изтиробанд. Коронавирус беморӣ аст, муқобили он бо саъю талош, яъне бо риояи чораҳои пешгирӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз ҷойҳои серодам, баланд бардоштани масунияти бадан бояд  мубориза бурд.

Пешгирии ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат ва он нафаре, ки вориди кишвар мешавад, вобастагӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз рӯзҳои аввалини пайдоиши ин беморӣ дар кишвар ҳамаи чораҳои заруриро оиди пешгирӣ аз вабои аср, ки тамоми дунёро ба истиснои якчанд давлат фаро гирифта аст, андешида истодаанд.  Ҳоло хушбахтона, бо талошу заҳматҳои табибон имрӯзҳо шумораи сироятёфтангон дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Имрӯз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғи риояи гигиенаи шахсӣ, умуман таблиғи чораҳои пешгирӣ нисбати сирояти коронавирус танҳо кори кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зерсохторҳои он набуда, балки ҳама, новобаста аз ташкилот, муассиса вазифа, касб дастаҷамъона, муттаҳидона, бо сабру таҳаммул ва муҳимтар  аз ҳама бо риояи  чораҳои  пешгирии ин беморӣ саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро ин вабои аср миллат, нажод, дин, оину мазҳаб, сарҳаду давлат, ҷинс, хурду калонро намешиносад. Мо ҳам дар ин давра бояд муттаҳид шуда, даст ба ҳамдигар дода, бар зидди он мубориза барем.

Аз тарафи кормандон ва масъулони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба пешгирии  бемории мазкур миёни омма корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шуда, ҳамарӯза корҳои тарғиботӣ бурда шуда истодаанд.

Сайёра Ҳусейнова, сармутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg