БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонони деҳоти Озодагон бо мақсади ҳамсафи созандагону бунёдкорон будан будан ба сафи ҳизб пайвастанд

ПАНҶ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  оид ба баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар маҳаллаи ба номи Имом Машраби ҷамоати деҳоти Озодагон бо сокинон, аз ҷумла  ҷавонон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Нахуст,  раиси Кумитаи иҷрояи ноҳиявӣ Файзиев Каримҷон   мақсади баргузории мулоқотро ба ҳамагон фаҳмонида,  иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тақвияти робита бо маҳал дар ҳамаи маҳаллаву деҳоти ноҳия  вохӯриву суҳбатҳои судманд  баргузор гардида истодаанд.

Зимни  баромад мавсуф инчунин, оид ба  ҳадафҳои мақсадноки Паёми имсолаи Пешвои миллат  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар, хатарҳои  ҷаҳони имрӯза ба монанди терроризму экстремизм ва коррупсия, ки яке аз омилҳои нангин ва ҳатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд андешаронӣ карда, аз иштирокдорон  мубориза  алайҳи омилҳои  хатарноки ҷомеа ва муборизаи дастаҷаъмона  даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg