БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ САДОҚАТИ БУЗУРГИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ!

АНДЕША. Ваҳдати миллии Тоҷикистон бо тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад.

Аслан  то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба Ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат ва Пешвои миллат зиёда аз 80 маротиба муроҷиатнома, суханрониҳои расмӣ намуда, дар ҳамаи онҳо бевосита аз ризоияти миллӣ, дӯстӣ ва ваҳдат сухан  карда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста пайгирӣ намудааст.

Пешвои тоҷикон бо шердилию ҷасорати худ пурарзишии ин  ваҳдатро ба оламиён нишон доданд. Ҳарчанд душманони берунаи кишвар  намехостанд, дар ҷумҳурии мо сулҳ, Ваҳдати миллӣ пойдор бошад, бо кӯшишу ғайрати пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон, бо  сарварии Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд тамоми тоҷиконро муттаҳид  сохта, гурезагоне, ки  зиёда аз як миллион буданд, ба Ватан баргардонанд.  Аз рӯи маълумотҳо аз 60 ҳазори дар давлати Исломии Афғонистон гурезашудагон зиёда аз 17 ҳазор аз ноҳияи Шаҳритуз  буданд, ба ҷои зисти худ баргашта имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия хизмат намуда истодаанд.        

Пешвои Ваҳдати миллии тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ барои миллати тоҷик ва давлатдории навини мо хизматҳои арзанда кардаанд. Хизматҳое, ки ӯ дар ҳаққи миллати бостонию тамаддунофари тоҷик дар замони нав анҷом додааст, бешубҳа, ӯро дар қатори сиёсатмадорони бузурги ҷаҳонӣ ворид менамояд.

Аз ин рӯ, ҳар тоҷики худогоҳу  бофарҳанг, махсусан  сокинони ноҳияи Шаҳритуз, ки  маркази даргириҳо буд,  бояд хизматҳои шабонарӯзии бемислу монанди  Пешвои миллат, Президенти мамлакат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар мамлакат  сулҳу амниятро барқарор кард,  қадр намоянд. Чунки маҳз бо саъю кӯшиш  ва талошҳои  пайвастаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи оштии миллӣ созмон дода шуд, ки   ба он намояндагони ҳукумат ва иттиҳоди мухолифини тоҷик шомил шуда, масъалаҳои  мубрамро давра ба давра баррасӣ  ва ҳал намуданд.

Таҷриба ва амалияи ба даст овардаи сулҳи миёни тоҷикон натанҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Зеро амсоли хуби ҳаллу фасли низоъҳои миллӣ ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад. «Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ин ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион  гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали  Мутаҳид, Созмони амият ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда,  ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид».               

Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ бояд ҳар як фарди бо нангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намояд.    

Мардуми ноҳияи Шаҳритуз даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рӯзҳои сахту сангин ва хисороти гарони онро фаромӯш накардаанд.  Аз ин хотир  ҳамаи мо бояд беш аз ҳарвақта ҳушёру зирак бошем, шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибхтиёрро ҳамеша ба ҷо орем, соҳиби Ватан буданро аз ҳар чизи дигар авлотар донем.

Шарофзода Ҳ., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg