Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Хуруҷи бемории сироятии коронавирус ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ҳамарӯза дар аксари кишварҳои олам шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Сироятёбӣ ва фавти одамон бар асари вируси мазкур дар ҳамаи кишварҳои дунё ба қайд гирифта шуда истодааст.
Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар деҳаи Бешкаппа 1-и Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Зимни баргузории чорабинӣ аҳолиро хотиррасон намуда истодаанд, ки ба гигиенаи шахсӣ аҳамият дода, ашёҳои рӯзгорро зуд-зуд безарар гардонанд, муҳити хонаро тоза нигоҳ дошта, гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намоянд.
Ҳамчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани заминҳои дар ихтиёрашон бударо вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосирро ба дарки сокинон расониданд.
Дар охир ба ҳамагон варақаҳои иттилоотӣ, ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои хлордор дастрас карда шуданд.