ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфйиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Навбунёди ноҳияи Хуросон вохӯрии Ашурзода Гулбаҳор вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №28,ки ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмони Ҷомиро дар бар мегирад, бо аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи ба номи Н.Асадулло, ки ба онҳо хонаҳои истиқоматӣ дар деҳаи Навбӯнёд сохта истодаанд, гузаронида шуд. Ба сокинон Ашурзода Гулбаҳор ғамхориҳои Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳолии зарардидаи ноҳия баён намуда, таъкид кард, ки ягон нафар аҳолии зарардида аз зери назари давлату Ҳукумат дур намемонад ва то охир барояшон кумак расонида мешавад. Сипас, мавсуф дар охири суҳбат туҳфаҳои худро ба сокинон тақдим намуд.