![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/%D0%BA%D1%83%D0%BC%D0%B0%D0%BA%202.jpg?itok=DK0PKN_c)
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфйиатҳои миллӣ. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Ёрмаҳмад Назаров барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус ба сокинони шаҳри Левакант 2000 адад ниқобҳои муҳофизатӣ кӯмак намуд. Зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум ба воситаи волонтёрони намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва гурӯҳҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба шахсони ниёздошта дастрас карда, таъкид намуданд, ки дар ҷойҳои ҷамъияти баҳри пешгирӣ аз ин вабои аср ниқобҳои тиббиро истифода намоянд, то ин ки худ ва дигаронро аз ин бемории хатарнок ҳифз кунанд.