БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ПУШТИБОНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Зери ҳамин унвон дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки кормандони муассисаҳои томактабии ташкилоти ибтидоии «Маориф» мизи мудаввар доир гардид.

Шаҳло Шомуддинова, мудири муассисаи томактабии №2, Дилором Қурбонова мудири муассисаи томактабии №3 ва дигарон дар бораи бузургтарин дастоварди давраи Истиқлолият-Ваҳдати миллӣ, ки мазмуну моҳияти асосии сиёсати давлатдории Ватанамонро ташкил менамояд, сухан гуфтанд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки миллате, ки як маротиба шаҳди ҷанги шаҳрвандиро чашидааст, бояд дар дифоъ аз дастовардҳои сулҳу ваҳдат ва суботу ягонагӣ пайваста талош дошта бошад. Зеро имрӯз ҳам хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи кишвари мо ва минтақа кам нестанд. Қувват гирифтани талошҳои геополитикии абарқудратҳо, тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ дар ҷаҳони имрӯза тақозо менамоянд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар аз суботу амният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷасурона дифоъ намояд.

Инчунин, гуфта шуд, ки дар мубориза бо бемории хавфноки коронавирус, ки  дар тамоми дунё паҳн гардидаву боиси фавти одамони зиёд гардидааст, метавон танҳо бо иттиҳоду ҳамдилӣ ва дилсӯзию ҳамдигарфаҳмӣ нисбати якдигар муваффақ шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg