БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ БАХТУ ИҚБОЛИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

АНДЕША.  Рӯзи 27 июни соли ҷорӣ сокинони кишвар бо қаноатмандии бузург 23 -юмин солгарди яке аз санаҳои таърихӣ ва фаромӯшнашавандаи давлатдории тоҷикон - Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки барои сокинони кишвар арзишмандтарин санаи таърихӣ ба ҳисоб меравад, ҷашн мегиранд.

27 июни соли 1997 ба тақдири миллати тоҷик дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуд ва ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилии байни тоҷикон хотима гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар яке аз баромадҳояш дар бораи аҳамияти таърихии ин санаи басо муборак гуфта буд: “27 июн, бешубҳа, дар таърихи миллати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузаронидаи мо, зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти мамлакатро хотиррасон месозад.”

Дар  қадамҳои устувор ҷиҳати расидан ба сулҳу салоҳ  Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ниҳоят калон дорад.  Дар ин иҷлосия  фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва  ба савганди садоқат ба Ватан ва миллатхӯрдаи  худ, ки  “Ман ба Шумо сулҳ меорам”, “то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам ман худро ором ҳис намекунам ва лозим шавад барои  расидан ба сулҳи сартосарӣ ва ризоияти миллӣ ҷони худро фидо менамоям,” дар ваъдааш содиқ монд.

Пешвои миллат бо аз ҷонгузаштанҳо  ба мақсад ноил гардид. Маҳз ҷасорат, нотарсӣ, ҷоннисорӣ, дӯст доштани Ватан, миллат ва дигар хислатҳои ҳамидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ИНОТ- ро водор ба гуфтушунид намуд.

Имрӯз сулҳ аст, ки мо озодона ба ҳама  гӯшаю канори кишвар сафар менамоем, кору таҳсил мекунем ва он ҷоро хонаи худ меҳисобем. Имрӯз сулҳу ваҳдат аст, ки мо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ машғулем. Аз ин рӯ моро мебояд, ки ҳамеша шукронаи ин неъмати бебаҳо – сулҳу ваҳдат, бахту иқболи миллатро  ба ҷо биорем. Яктану якҷон шуда, сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ,    ҳифзу нигаҳдорӣ намоем. Набояд фаромӯш кард, ки ҳоло ҳам душманони миллат аз камингоҳи худ нисбати давлату роҳбарони он суханони иғвоангезонаро паҳн менамоянд ва мехоҳанд, сулҳу оромиро дар кишвар халалдор созанд. Нифоқ ба парокандагӣ ва иттифоқ ба пирӯзӣ оварда мерасонад.  Хоҳони онем, ки миллати тоҷик иттифоқ бошанд ва ҳамеша зиндагии орому осуда ва табъи болида дошта бошанд. 

         Парокандагӣ аз нифоқ хезад,

         Пирӯзӣ аз иттифоқ  хезад.  

Қудратулло Мунисов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии № 25    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg