КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ба сокинон оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи заминҳои бекорхобида тавсияҳои судманд медиҳанд.
Зимни баргузории чорабинӣ дар ҷамоати дещоти Кӯлоб ба сокинон оид ба истифодаи самараноки замин ва ҳамзамон, оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус масъулин ба сокинон беш аз 180 адад ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас карданд.