ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳрак мулоқот доир намуда, ба ҳар яки онҳо бо усули “хона ба хона” варақаҳои иттилоотиро тақсим намуда, таъкид карданд, ки дар ҷойҳои серодам бе ниқоб гаштугузор накунан ва гигиенаи шахсиро қатъи риоя намоянд.
Дар баробари ин ба сокинон оид ба самаранок истифода намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва гузаронидани кишти дуюм аз ҷониби масъулини соҳа маслиҳатҳои муфид дода шуд.