БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН БАҲРИ ТАЪМИНИ ҒИЗОИ СОЛИМ

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бо усули «хона ба хона»  дар маҳаллаи Дӯстӣ 7-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш доир гардид.

Масъулин дар рафти вохӯрӣ оид ба пешгирии бемории сироятии Covid-19 ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ андешаронӣ карда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки тавсияҳои судманди табибон баҳри пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии  коронавирус ҳатмӣ ва зарур мебошад.  Ҳамзамон,  қайд карданд, ки пешгирии беморӣ беҳтар аз табобат буда, мову шуморо зарур аст, ки риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва анҷом додани амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятӣ анҷом дода, худ ва наздиконамонро аз ин беморӣ ҳифз намоем ва аз ҷониби Кумитаи иҷроия бо онҳо варақаҳои таблиғотӣ  ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg