БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҶАШНИ ФАРХУНДАИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии кишвар нишастанашон дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон зимни нахустсавганди ёднамудаашон гуфта буданд: "Тамоми донишу таҷрибаамро барои ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам..." Ва ба қавли худ устувор монд.

Бисту се сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ қарор дорад, ки ин беҳтарину бузургтарин дастоварди кишвар мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки Ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҷанги шаҳрвандие, ки Тоҷикистон ба он дар ибтидои солҳои навадум дучор гардида буд, садҳо ҳазор нафар ҳамватанонамон куштаю қариб як миллион нафари дигар гуреза ва муҳоҷир шуданд. Бесарусомониҳо дар кишвар ҳукмфармо ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар паст гардида буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айёми мушкилтарину тақдирсоз Сарварии давлатро ба уҳда гирифта, тавонистанд бо амалҳои мардона ва истеъдоди Худодод ба ҷанги бародаркуш хотима бахшад, фирориёнро ба ҷойҳои муқимӣ баргардонда, баҳри созандагию ободонӣ мардумро руҳбаланду ба ояндаи дурахшон дилпур сохтанд. Муҳимтарин марҳила дар раванди сулҳ ин гуфтушуниди байни тоҷикон аст, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав сурат гирифта буд, ки эъломияи муштарак оид ба оштии миллии устувор дар раванди сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Нахуст, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москав бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ баъд аз баргузории ҳашт давра ба имзо расид, ки саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории тоҷикон боз намуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба ҳамватанон таъкид доштанд, ки "Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонаи миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумӣ ид кунем".

Тамоми оламиён шоҳиданд, ки тӯли 23 сол давлату давлатдорӣ, илм, фарҳанг, таълиму тарбия, касбу ҳунар, замину заминдорӣ, боғу боғдорӣ, бозору бозоргонӣ дар давлати мо хеле пеш рафта, ба дастовардҳои беназир соҳиб шуда, созандагию бунёдкорӣ саросари кишварро фаро гирифтааст.

Имрӯз, ки дар арафаи 23 - солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Дар ин маврид вазифаи ҳар як шахси худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намоем ва онро дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ пос ва гиромӣ дорем. Хушбахтона, имрӯз мардуми кишвар аз насли ҷавон то калонсолон аҳамияти ваҳдатро хуб дарк менамоянд. Имрӯз ҳар як фард метавонад хулосабарорӣ кунад, ки гавҳари асосии инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди сиёсиву ҳуқуқии кишварамонро маҳз Ваҳдати миллӣ ба миён овардааст ва танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Шоева Дилноза, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg