БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТ БО СОКИНОН ИДОМА ДОРАД

БОХТАР.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар кӯчаҳои Қазоқон, Ҷалилов ва Ҷаъфар Абдуллоеви шаҳри Бохтар гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолони шаҳри Бохтар оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Ҳангоми баргузории суҳбат бо сокинон аъзои гурӯҳи тарғиботӣ таъкид бар он доштанд, ки солимии ҳар шахс дар дасти ӯст. Тавсия дода шуд, ки дуруст ғизо хӯред, барои солимии ҷисм на кам аз 400 грамм маҳсулоти растанигӣ хӯрдан лозим аст, хӯрок бояд гуногун ва аз маводи фоиданокӣ, яъне аз витаминҳо  бой бошад, ба ҷойҳои серодам рафтан манъ аст, аз дастфишорӣ ва рӯйбӯсӣ худдорӣ намуда, аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд Сипас, масъулин  аз сокинон даъват ба амал оварданд,  ки дар мубориза бо ин вабои аср бетараф набошанд. Лозим ба ёдоварист, ки гурӯҳи тарғиботии мазкур дар давраи фаъолияти худ тибқи дастури раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар қисмати зиёди маҳаллаҳои шаҳр бо сокинон бо усули “хона ба хона” суҳбатҳо доир намуда, дар назар аст, ки чунин вохӯриҳо дар оянда идома хоҳанд ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg