БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО КИШОВАРЗОНУ ДЕҲҚОНОН

БОХТАР.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани ду - се ҳосил аз он, ба маҳаллаҳои шаҳр рафта, аз ҳолати истифодаи заминҳо дидан намуданд.

Зимни суҳбат бо кишоварзону деҳқонон таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар хусуси истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин тақвият бахшида, дар ин самт тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Танҳо кишоварзонро лозим аст, фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз стратегияҳои асосӣ ба ҳисоб меравад,  саҳми худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg