Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар шароити зуҳури пандемияи ҷаҳонӣ - бемории сироятии коронавирус бетараф набуда, Аксияҳои тақсимоти ниқобро ҳамарӯзха миёни сокинон мегузаронанд. Ин ташаббус аз ҷониби аъзои гурӯҳи вакилӣ Бегмуродзода Файзиддин Боймаҳмад дастгирӣ ёфта, ба интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии № 17-и Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуд. Зимни вохӯрӣ вакили ҳавза ба интихобкунандагон изҳор дошт, ки дар шароити душвору муваққатии бемории коронавирус ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намуда, фосила ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд. Ҳамзамон аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро самаранок истифода намуда, дар таъмини сабади истеъмолии ноҳия ва амнияти озуқавории кишвар саҳми худро гузоранд.