БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ АСТ, КИ МЕСОЗЕМУ БУНЁД МЕКУНЕМ

АНДЕША. 27 июни соли 1997 бо талошҳои пайваста ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Бояд гуфт, ки дар аввали солҳои 90 - уми асри гузашта, вақте  ки Тоҷикистон акнун ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро  мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати  тоҷик кишвари моро ба низои дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ  Тоҷикистони тозаистиқлолро  ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.

Бадхоҳони миллати мо мехостанд бо ҳидояту раҳнамоӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷии худ сохти конститутсионии давлатро тағйир диҳанд. Дар он рӯзҳо Конститутсия ва қонунҳои мамлакат зери по шуда буданд ва ҳеҷ кас ба шаҳрвандон кафолати зинда монданро дода наметавонист.

Дар он айёми фоҷиабор афроди воқеан дурандешу ватандӯсти миллат амиқ дарк карда буданд, ки роҳи ягонаи наҷот аз хатари ба сари халқи тоҷик омада қатъи ҳарчи зудтари хунрезӣ ва таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ буд.

Баъди имзои Созишномаи сулҳ қариб як миллион нафар ҳамватанони гуреза ва дур аз Ватан мондаамон ба маҳали зист ва хонаву манзилашон  баргардонида шуданд.

Баробари барқарор гардидани сулҳу субот  дар ҷомеа  имконият пайдо гардид, ки ба тарҳрезиву  татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоӣ  бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бумбасти каммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат оғоз гардид.

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  аҳамияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки  дар Тоҷикистон  бо қадамҳои устувор пеш меравад, далели равшану возеҳи тантанаву сулҳу  оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон мебошад.  

9 - уми сентябри  соли 2021 Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сисола мешавад. Ба хотири истиқболи шоиставу арзандаи ин ҷашни мубораку муқаддас бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо дар тамоми қаламрави кишвар - аз маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то деҳаву маҳаллаҳои аҳолинишин корҳои ободониву бунёдкорона вусъати тоза пайдо намудааст.

Имрӯз бо баракати сулҳу ваҳдат, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Ховалинг симои худро ба куллӣ дигар намудааст. Аз ин рӯ, мо ҳамагон шукри сулҳу ваҳдат мекунем. Шукри онро мекунем Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба ин рӯзҳои неку фархунда, ба зиндагии шоиста расонид.

Ш. Набиев,  мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

  

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg