БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕ НИҚОБИ ТИББӢ ИШТИРОК ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ МАНЪ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  дар деҳаи Тутзори Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ  бо усули “хона ба хона” роҳандозӣ гардид.

Масъулин зимни суҳбат ба сокинон маслиҳат доданд, ки  барои таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсиро хуб истифода намоянд, кишти такрориро боз ҳам равнақ диҳанд, то ки ҳосили хуб ба даст биёранд.

Сипас, оид ба бемории сироятии коронавирус бошад, таъкид намуданд, гигиенаи шахсиро риоя намуда, зуд – зуд дастони худро бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонда, қоидаҳои истифодаи ниқобро риоя намоянд. Дар фарҷоми суҳбат бошад, ба сокинон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg