БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ХУД ВА ДИГАРОНРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва истифодабарии ҳар як ваҷаб замин барои таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муҳим андешида, бо мақсади он, ки мардум аз масъалаҳои зикршуда маълумоти бештар дошта бошанд, ҳамарӯза кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодаанд.   Чунин  чорабинии судманд бо иштироки намояндагони ҳизби ноҳия ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик Алихонова Бибинисо дар деҳаи Давади Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимов доир карда шуда,  масъулин дар суҳбат  таъкид бар он доштанд, ки солимии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Инчунин, тавсия доданд, ки ба ҷойҳои серодам кам раванд, аз дастфишорӣ ва рӯйбусӣ худдорӣ намуда, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд. Ҳамзамон, ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои зикршуда дастрас гардида, таъкид карда шуд, ки барои самаранок истифода бурдани замин ва ба даст овардани фоидаи зиёдтар аз ҳар яки мо тақозо мегардад, ки ягон ваҷаб заминро бекор намонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg