![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200625_090558.jpg?itok=8_DFzq5t)
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус миёни сокинон дар ҳудуди ноҳияи Данғара корҳои таблиғотӣ ва таъкидҳои саривақтӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин оид ба пешгирӣ ва риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, роҳ надодан ба таҳлука, риояи масофаи байниҳамдигарии 1 ё 2 метр, аз маҳлулҳои махсуси зиддӣ бактериявӣ истифода бурданро дар маҳалли зист ва ҷойҳои ҷамъиятӣ тавсияҳо дода истодаанд.