БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАКИ НАВБАТИИ ФАЪОЛОНИ ҲХДТ БА ГИРИФТОРОНИ БЕМОРИИ COVID-19

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дасти сахо дароз намудан ба оилаҳое, ки  ба бемории сироятии COVID-19 гирифтор шудаанд, дирӯз аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ (КАТС)” Наҷотзода Фурқат Иброҳим бо иштироки кормандони ташкилоти мазкур ба ду оилаҳои эҳтиёҷманди Ҷамоати шаҳраки Вахш Мирзоев Зафар, Мирзоева Мавҷигул ва аз Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон Тағаева Маърифат, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, маводҳои доруворӣ кумак расонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки саҳми ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ (КАТС)”  дар ноҳия басо бузург буда, ҳамарӯза ин гуна кумакҳо ба оилаҳои эҳтиёҷманд расонида шуда, аз ҷониби  ҳамшираҳои минтақавӣ  беморон бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шудаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg