БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБА ДАР НОҲИЯИ ВАХШ ДОИР ГАРДИД

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ҳуқуқии кормандони ҳизбӣ, ба танзим даровардани фаъолияти бомуназзами ташкилоти итифоқи касабаи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иттифоқи касаба аз рӯи 6-масъала  баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ аз 9 нафар аъзои иттифоқи касаба 9 нафар иштирок дошта, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ  дар ноҳияи Вахш дар соли 2019 ва нимсолаи аввали соли 2020 С. Салимова ҳисобот дод. Бо таклифи аъзои иттифоқи касаба ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Оид ба масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис интихоби вакил ба Конференсияи вилоятии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо пешниҳоди иштирокдорон С. Салимова интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg