ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби пешгирӣ аз бемории коронавирус, ҳамзамон ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ-4”-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бо усули «хона ба хона» бо сокинон суҳбату вохӯрии таъсирбахш баргузор намуданд.
Масъулини ҳизбӣ дар чорабинии мазкур оид ба роҳҳои гузариши коронавирус ва роҳҳои пешгирӣ намудани онро ба сокинон фаҳмониданд. Дар рафти суҳбатҳо диққати асосӣ ба пешгирии беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, аз сокинон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии ҳавливу лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд. Сипас, кормандони ҳизбӣ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки заминҳои кишоварзие, ки дар ихтиёри худ доранд бояд самаранок истифода шаванд ва дар як сол зиёда аз ду-се ҳосил ба даст биёранд. Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани шаҳрвандон аз ин бемории хафнок ба онҳо маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас карда шуд.