ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш тибқи дастури мақомоти болоии ҲХДТ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст. Дар ин хусус, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус дар кӯчаи Борбади Марвазии Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бо сокинон бо усули «хона ба хона» чорабинии ҳизбиро баргузор намуда, ба ҳамагон роҳҳои пешгирӣ аз ин вирусро муфассал фаҳмонида, таъкид карданд, ки тавсияҳои табибонро дар зиндагии ҳаррӯзаашон истифода баранд, худ ва атрофиёнашонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ муҳофизат намоянд. Дар охир ба онҳо маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатиро ба таври ройгон тақсим карданд.