БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚСИМОТИ НИҚОБ ДАР МАҲАЛЛАИ ЗАРХЕЗ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади  ҳимояи аҳолӣ аз бемории коронавирус гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолони шаҳр тибқи дастури раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар кӯчаҳои маҳаллаи Зархез Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Пӯшидани ниқоб ҳатмист!” бо иштироки кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар гузаронида шуд. Дар рафти Аксия, ки бо усули “хона ба хона” доир гардид, аъзои гурӯҳ ба сокинон, махсусан оилаҳои ниёзманд ва наврасону кӯдакон ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирусро тақсим намуданд. Дар суҳбат гуфта шуд, ки  қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда,  аз иштирок дар ҷойҳои серодам  худдорӣ намоянд. Инчунин, масъулин таъкид доштанд, ки  ҳангоми атса ё сулфа бо кафи дастон ё рӯйммолча даҳонро пӯшондан лозим аст, ҳамагуна меваҷот ва сабзавотро пеш аз истеъмол дар об бодиққат шӯянд, солимии баданро нигоҳ доранд, дар ҳолати гирифтори ягон беморӣ, бо маслиҳати табобон  зуд аз паи табобат шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg