БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳидояти мардум ба сулҳу дӯстӣ ва бедор кардани ҳисси боварии ҷомеа ба ояндаи неки Ватан аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи мост

Н.ХУСРАВ. Бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи  хештаншиносии  мардум,  баланд  бардоштани   ҳуввияти  миллӣ,  ҳифзи  манфитҳои  миллӣ,  тарбияи  насли ҷавон бо  мақсади  модернизатсия  кардани  либосҳои  қадимаи   миллии занонаю  мардона ва  ба  талаботи  имрӯза  чавобгӯ  сохтани  он,   пешгирӣ  аз майл ба  либоси  бегона,   тибқи  ҷадвали  тасдиқгардида  дар  ташкилоти  ибтидоии   “Бахши  фарҳанг”  бо  иштироки  кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои фаҳмондадиҳӣ    баргузор  гардид.

Вохӯриро  раиси  ташкилоти  ибтидоии ҳизбии номбурда Б.Тешаева     кушода,   мақсади  вохӯриро  ба  ҳозирин  фаҳмонид.  

Баъдан  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Сураё Алиева  оид  ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ -ҳизби   созандаю  бунёдкор,  ҳадафҳои  барномавӣи  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон суханронӣ намуда,   қайд  кард, ки  мо  масъулини соҳа  ва  фаъолони  ҳизб, бахусус  кормандони  соҳаи  фарҳанг бо  мардум дар  маҳалҳо ва китобхонаҳои ноҳия  ҳамкориро  қавитар карда  иртиботи  худро  бо  деҳот  пурзӯр  намоем ва  онҳоро   дар  самти  татбиқи ҳадафҳои  стратегии  давлату  Ҳукумат  равона  намуда, ҷиҳати  сазовор  истиқбол  гирифтани   ҷашнҳои  миллӣ саҳмгузор бошем.   

Дар  охир масъулин  ба  суолу  дархостҳои  иштирокдорон ҷавобҳои  қаноатбахш гардониданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg