БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ЗАНОН

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии  шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар маркази шаҳри Бохтар миёни занону духтарон Аксияи иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус гузаронида шуд. Зимни баргузории чорабинии мазкур ба сокинону меҳмонони шаҳр зиёда аз 100 адад варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус тақсим карда шуда,  таъкид гардид, ки риояи  гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ мебошад. Шустани дастон бо собун муҳимтарин роҳи пешгирӣ аз коронавирус мебошад. Чунки  истифодаи маҳлулҳои спиртдор ё шустани дастон бо собун вирусро  нобуд мекунад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки мунтазам  дастонро бо маҳлулҳои спиртдор, безарар гардонида ё бо собун шӯем. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg