БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОЛОНТЁРОНИ БЕҲТАРИН ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

Имрӯз, 26 июн, дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон озмуни волонтёрон, ки ба муносибати 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ тарҳрезӣ гардида, аз 4-ум то 18-ми июн давом дошт, ҷамъбаст гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода васеъ намудани донишҳои волонтёрон ва бохабар будан аз таъриху тамаддуни хешро аз ҳадафҳои асосии ташкили озмун арзёбӣ кард.  Мақсад аз баргузории озмун дарёфти волонтёрони беҳтарин, ҳавасманд намудани онҳо барои фаъолияти содиқона, баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни волонтёрон арзёбӣ шуд.

Масъулон зикр доштанд, ки дар озмун беш аз 100 нафар волонтёр ширкат карда, ҳайати комиссия ғолибонро муайян намуданд.  Ҷойи аввал насиби Нигорамоҳ Дурманова, волонтёр аз ноҳияи Вахш, ҷойи дуюмро Бахтиёр Иброҳимзода ва ҷойи сеюмро Муҳаммадҷони Ёқуб – волонтёрон аз шаҳри Бохтар сазовар гашта, Раҳмониён Фаридун, Фатҳиддин Қурбонов ҷойҳои ифтихориро ноил шуданд.

Ба иттилои Беҳрӯз Бобоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар озмун 27 суол атрофи фаъолияти волонтёрӣ, таърихи давлатдории навини тоҷикон ва амсоли инҳо тариқи барномаи мобилии “Вайбер” зери гурӯҳи “Волонтёрони ҲХДТ дар вилояти Хатлон” пешниҳод гардида буд. “Ҳар иштирокчӣ посухҳои хешро бо дарҷи бандҳои саволномаи озмун, дар алоҳидагӣ ба яке аз маъмурони гурӯҳи вайберии “Волонтёрони ҲХДТ дар вилояти Хатлон” пешниҳод  намуданд”, – гуфт Б.Бобоев.

Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳоро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода тақдим кард.

Таъкид дошт, ки волонтёрон қувваи иловагии ҲХДТ буда, дар корҳои ободонию бунёдкорӣ саҳми муносиб доранд. “Дар оянда чунин озмунҳо зиёд ва дастгирии волонтёрон бештар ба роҳ монда хоҳад шуд”,  – афзуд, Миралиён Қиёмиддин.

 

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg