БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БА ВАТАН ДАР ЯГОН ДАВРУ ЗАМОН ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

ВОКУНИШ. Ҳамагуна хиёнатро бахшидан мумкин аст, ғайр аз хиёнат ба Ватан, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш ва бахшида нахоҳад шуд. Тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» тариқи телевизион ба ёдам даҳшати солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро овард. Агарчи аз он рӯзҳои шум асаре намондаасту 28-сол паси сар шудааст, фаромӯш накардаам, ки гурӯҳҳои мухолифи террористию экстремистии тундгаро чӣ корҳо карданд.

Бо дастур ва роҳбаладии хоҷагони хориҷиашон мардуми тоҷики аз бозиҳои сиёсӣ бехабарро ба ду сангар ва дар муқобили ҳам қарор доданд. Падарро бо писар, бародарро бо бародар ҷанг андохтанду ҷавононро гумроҳ сохтанд, билохира Тоҷикистони азизи моро оғуштаи хун гардониданд. Ҳеҷ фаромӯш намекунам, ки ба сари миллати сарбаланди тоҷики мо чӣ омад. Бар асари нофаҳмиҳо беш аз 150 ҳазор тоҷик кушта шуд, ҳазорҳо кӯдак ятим монд, ҳазорон занону модарон бе шавҳар монданд, як миллион нафар гуреза гашт. Он даҳшату рӯзҳои шум бо айби носипосони хунхор сар зада,  хатари парешонии миллат ва аз байн рафтани давлатро ба миён овард.

Оқибати корро касе намедонист, ки чи мешавад. Касе умеди зинда мондан надошт, вале барои чанд соат ё лаҳзае аз ҷое ба ҷои дигар мегурехт. Баъди нобасомониҳои зиёд бузургмарди майдон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо амри тақдир зимоми роҳбарии давлати дар вартаи нестӣ қарордоштаро ба даст гирифт. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба мардум қавл доданд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам ва то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худамро озод ҳис карда наметавонам».

 

Дар ҳақиқат ҳамин хел ҳам шуд. Ин марди Худодод ба миллати тоҷик сулҳ овард, гурезагонро ба хоки Ватан баргардонд, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш, миллатро аз гуруснагию яъсу ноумедӣ ва давлатро аз буҳрони амиқи иқтисодӣ наҷот доданд. Миллатро аз вартаи нобудиву бадбахтӣ наҷот дод. Ҳар рисолате, ки дошт, анҷом дод. Дигар барои баъзе ношукрону носипосон чӣ ҳам мекарданд?

Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ, Мирзо Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва онҳо барин носипосон ба миллат чи карданд?  Ҳамеша бо алфози қабеҳу хушунатомез ба сари ҳокимият санги маломат мезананд. Ҳатто оддитарин ва муқаддастарин чиз, ки сухан аст бо забоне, ки барои алфози хуш офарида шудааст,  гуфта наметавонанд ва қудрати гуфтан ҳам надоранд. Чунки барои кори хубу сухани хуш фаросати инсонӣ даркор. Дар лафзашон сухани бад ва дар дилу мағзашон фикри бадро ҷой додаанду миёни ҷавонон иғво меангезанд, мағзшӯи мекунанд. Магар ин одамгарист?

Ҳатто ин палидони бешараф аз бемории сироятии коронавирус, ки мардуми курраи оламро ба ташвиш овардааст истифода карда, дар ин лаҳзаҳои ниҳоят барои миллат сангин ба манфиати худ кор гирифтанд. Боварам комил аст, ки пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» мардуми сарбаланду тоҷдори тоҷик, бори дигар аз дассисаву найрангҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва мухолиф огоҳ гардиданду рӯзҳои шум ва бадбахтиҳои гузаштаро ба бадбахтон ҳавола мекунанд. Албатта,  мо имрӯз Ватан дорем ва намегузорем, ки пойи номубораки нохалафе ба хоки Ватани азизи мо расад.

Қувватова  Гулистон,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg