БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

Имрӯзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст.

 

АНДЕША. Маҳз, самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайваста заминагузори ғояҳои ваҳдатгироӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ эътибори хоса пайдо намуд. Таърихи зиёда аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расидан ба Истиқлолият, ки фарогири айёми мудҳиши даргириҳо дар оташи ҷанги бемантиқи дохилӣ ва муваффақ шудан ба сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллист, ба маънои томаш мактаби бузургу нотакрори давлатсозию давлатдорӣ ва эҳсоси хештаншиносиву худогоҳии миллист, ки тавассуташ кишвари азизамон тавонист, худро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари нодири сулҳофар муаррифӣ намояд.

Бисту се сол муқаддам, айёми фирӯзу фархунда, санаи сарнавиштсози халқу миллати тоҷик - Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро расид. Баъди даргириҳои зиёд, кулфатҳои гӯшношуниди ба сари мардуми аз азал орому дӯсту амниятпарвари тоҷик фурӯ рехта,  ақли солим ғалаба кард, ба сарзамини азиятдидаи мо сулҳи деринтизор омад. Ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997-ум ба вуқӯъ пайваст, барҳақ, воқеаи таърихиву тақдирсоз на танҳо барои сокинони кишвар, балки барои кулли ҳаммиллатони бурунмарзиамон низ буд, ки Тоҷикистонро хонаи умеди худ хондаанд.

Ҳамин аст, ки бо гузашти солҳо баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдат институтҳои воломақоми сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ба хотири татбиқи он дар минтақаҳои пурхурӯҷ ва даргири олам меомӯзанд. Сарпарасти сулҳи тоҷикон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ҳаққу ҳуқуқи комили маънавӣ роҳи ягонаи таъмини сулҳу амниятро дар кишварҳои ҷангзада, таҳаммули тарафҳои даргир ва нишастан паси мизи гуфтугӯ эълом доштаанд.

Солҳое, ки Тоҷикистон баъди расидан ба сулҳи умум аз сар гузаронд, марҳалаи рушди баркамоли кишварамон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад, ки аз ба имзорасии Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сарчашма мегирад.

Аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шуда, таъкид намудан лозим аст, ки бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ – иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд. Зеро ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб меёбад. Ҳамеша  мо бояд дар хотир дошта бошем, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доимист. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад. Оре, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад.

Мусаллам аст, ки расидан ба Ваҳдати миллӣ ин эҳёи Тоҷикистон аст. Дар ҷараёни бунёди давлати навини соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон рисолати Ваҳдати миллӣ олитарин арзише аст, ки бемайлон дар роҳи истеҳком ёфтан ва тараққӣ кардани он мусоидат менамояд. Дар давраи ҳозира ва оянда ҳам рисолати Ваҳдати миллӣ зуҳуроти рӯшани ягонагии тамоми ҷомеаи мамлакат ва ҳамбастагии он бо давлату ҳукумат хоҳад буд.

Проштов Сино, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ                                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg