БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҶАШНИ ФАРХУНДАЮ САРНАВИШТСОЗ АСТ

АНДЕША. Тавре ки аз таърих маълум аст, ҳанӯз дар даврони ҳукмронии Сомониён душманони миллати тоҷик тавонистанд, ки бо фитнаву дасиса дар миёни бародарони ҳамхун низоъ бархезонанд ва дар натиҷа давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷикон рӯ ба шикаст овард. Мардуми тоҷик табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвар буда, дар лаҳзаҳои басо ҳассосу тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ карда, зиндагии осоишта ва меҳнати ҳалолро аз ҷангу хусумат болотар медонанд.

Ҷанги солҳои 90-умро дар Тоҷикистон бо номҳои гуногун муаррифӣ кардаанд, аз ҷумла онро ҷанги дохилӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш номиданд. Хушбахтона, он дар як муддати кӯтоҳ паси сар шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми тоҷик мардумест, ки ҷангро намехоҳад, мардуми сулҳдӯсту сулҳпараст мебошад. Ин созишномаи сулҳе, ки ба имзо расид, пеш аз ҳама натиҷаи хираду ақлу заковати азалии мардуми тоҷик ва аз он бештар роҳбарони ду ҷониб буд. Дар баробари ин дӯстони русу эронӣ, афғону қазоқу дигар барои муваффақ шудан ба ин сулҳ ба мо кӯмак карданд. Ин ҷо хидмати онҳоро мо низ бояд нодида нагирем. Яъне, пеш аз ҳама ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ хидмати бузурги миллати тоҷик, сарони ин миллат ва баъдан дӯстони дуру наздики мо буд, ки воқеан мехостанд  дар ин сарзамин оромӣ ҳукмрон бошад.

Аз баракати сулҳу суботи устувор ва ваҳдати комили миллӣ имрӯз дар ҷумҳурӣ аз харобиҳои он даврони ноором осоре боқӣ намондааст ва дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорӣ Тоҷикистон сол то сол ободу зеботар мегардад. Баробари таҳким ёфтани Ваҳдати миллӣ, рушди соҳаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва созандагиву бунёдкорӣ тадриҷан вусъат ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум низ сол то сол беҳтар мегардад.

 Дар мавриди ободиву созандагии кишвар «Дар ҷое, ки ҷангу нооромӣ ва нофаҳмӣ аст, аз хонавода сар карда, то кишвар, то давлат, то қитъаҳои дигари олам ҳеҷ гуна пешравию пешрафт вуҷуд дошта наметавонад. Тамоми дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Вақеан ҳам дастовардҳое, ки мо дорем, дар муқоиса ба солҳои пешин хеле чашмгир ва назаррасанд. Маҳз ҳамин оромӣ аст, ки мардум имрӯз ба бунёдкорӣ ва созандагӣ даст задаанд».

Ваҳдати миллиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Имрӯз ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош варзанд.

«Ҳар як тоҷик бояд худро шиносад, донад ки тоҷик кӣ буд ва дар оянда бояд дар кадом сатҳ қарор дошта бошад. Барои он ки мо худшинос шавем, бояд таърихи гузашта, фарҳангу тамаддуни пурбори худро омӯзем, ба умқи он сарфаҳм равем. Танҳо дар он маврид мо метавонем ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем.

Бояд гуфт, ки 23 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаву сарнавиштсоз, яъне Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳар сол бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрӯзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд. 

23- солагии Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрон кулли ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шуморо  бори дигар табрик мегӯям, ба хонадони сокинони кишвари маҳбубамон саодату хушбахтӣ ва барои Тоҷикистони азизамон оромиву ободӣ ва Ваҳдати миллии ҷовидонро орзу менамоям.

Н. Бодомов, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ                                      

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg