АНДЕША. Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва вокеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид. Ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва кадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими Ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад.
Инак, 23 сол мешавад, ки Ваҳдати миллии Тоҷикистон побарҷост ва самараҳои неки худро ба бор меорад. Ҳар кадар солҳо гузаранд ҳам, кадру манзалати ин рӯзи саид бештар мегардад. Дар ҳама давру замонҳо сулҳу ваҳдат ва ҳамдиливу ягонагии аҳли чомеа асоси устувории давлат мебошад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ барои тоҷику тоҷикистониён аз ҷумлаи санаҳои муҳиму таърихӣ ва мукаддасу бузург эътироф гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки сарнавишти имрӯзу фардои Ватан маҳз аз файзу баракти Ваҳдат аст, ки бо эҳсоси гарму самимияти ҳамдигарфаҳмӣ ҳалли мусбии худро дарёфтааст.
Озодӣ, Истиқлолият, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ аз шарофати Ваҳдати миллӣ насиби мо гардидааст. Бинобар ин вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя ва азизу пос доштан аст.
Тамоми тоҷикистониён, аз ҷумла ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистонро бо ифтихори 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, барояшон хушбахтиву комёбиҳои беназирро тамано менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ