БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУЗАШТА ФАРОМӮШ НАМЕШАВАДУ ҲАМДИЛИВУ ҲАМДИГАРФАҲМӢ ВА МУТТАҲИДӢ МЕБОЯД

“Ҷашни  Ваҳдати  миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ  ва Ваҳдати  миллӣ  буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.”

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон

 

АНДЕША. Воқеан  ҳам  миллате, ки  хотираи  таърихӣ  ва  ҳувияти  миллиашро  пос  намедорад, хоҳу  нохоҳ  гирифтори  сарнавишти  талху  фоҷиабор  гашта, ҳатто  пойдории   давлат  ва  истиқлолияти  миллаташро  зери  хатар  мегузорад.

Фарзандони  халқу  миллате, ки гузаштаашро  фаромӯш  кардааст  ва хотираи   таърихиашро   пос   намедорад, хоҳу   нохоҳ  аз  ғояи  кӯтоҳандешӣ  ояндаашро  низ  инкор  мекунад.

Ҳоло ҳам амнияту субот дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои  мубрами  рӯз  қарор дорад. Сокинони сайёра шоҳиди содир шудани амалҳои террористӣ дар Осиёву  Африқо  ва  Аврупою Амрико гардида ва қариб рӯзе нест, ки мардуми ин ё он гӯшаи олам қурбони ҷиноятҳои ваҳшиёнаи террористӣ нагардад.

Пӯшида нест, ки иттилоот дар бораи ин падидаи номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ  терроризм  дар  шабакаҳои  интернетӣ  зиёд  ҳасту  зиёд  вомехӯрӣ.

Таърих  гувоҳ  асту  гувоҳӣ  медиҳад, ки  қариб ҳама  миллатҳою давлатҳо  дар  баробари  рушду  инкишофи  худ, тағйироту ҳаводисҳои зиёдеро паси сар намудааст. Миллати мо низ дар тӯли таърихи давлатдориаш бисёр ҳаводису воқеаҳоро  дидаву  сабақҳои  зиёдеро  андӯхтааст, қувваҳои  бадхоҳ, бадният ва ифротӣ  мисли  абрҳои  сиёҳ  дар  фазои  орому осоишта ҳузур карда зиндагии бомароми  мардумро  ноором  сохтаанд.

Мо дар ин ҷо аз гузаштаи дури таърихи  миллатамон ёдовар нашуда, таърихи  начандон  дур, ибтидои  солҳои  90-умро  ба  хотир  меорем. Кишвари  азизу  маҳбуби мо Тоҷикистон- 9-уми сентябри соли 1991 дар натиҷаи пошхӯрии сохтори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, истиқлолияти комили худро ба даст овард.

Мутаассифона, дар  ҳамин  давраи  тақдирсозу  таърихӣ  барои  миллату  давлати  тоҷикон, ки  бояд бо соҳибистиқлол гаштан мебоист мардум  паи  корҳои  созандагию  бунёдкорӣ  мегардиданд, маҳз  ана  ҳамин гуна  ҳизбу  ҳаракатҳои  террористиву  экстремистӣ  ва  ифротӣ  бо  ақидаҳои нопоку разилонаи худ ба ҳаёти сиёсии миллату давлати соҳибистиқлоли тоҷик  ворид гардида, бо  тафриқандозиҳои зиёди беасос  миёни  мардуми  осоишта  низоъ  андохта  вазъи ҷомеаро ноором сохтанд, ки миёнашон наҳзатиҳо  фаъолтар  аз  дигарон  буданд.

Дар  солҳои  90-уми  асри  гузашта  Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон бо ниятҳои  муғризона ва таҳрибкоронаи худ ба фаъолият оғоз намуд, ки оқибати  инро  тамоми  мардуми Тоҷикистон  шоҳиданд – ҷанги шаҳрвандӣ бо дахолати нерӯҳои хориҷӣ.

Оқибат ҳамин  шуд, ки миллати тоҷик  чӣ  қадар хисороти  молию  ҷонӣ  дид. Бо дасти душманони миллат ва ғаразхоҳони дохилию хориҷӣ байни миллати мо нооромиҳо ба вуқуъ пайваста, боиси ҷанги бародаркушӣ гардид.

Кор ба ҷое расид,ки дар оила падар бо писару бародар бо бародар мухолиф шуд, тоҷик ба сари тоҷик теғ кашиду ҳамсоя хонаи ҳамсояро оташ зад. Бисёр кӯдакон ятим мондаву модарон бесаробон, тифлон шаҳди ҳаётро ночашида ғӯрамарг гардиданд, мардум Ватанро тарк мекарду  душманон тухми нифоқро дар ин сарзамин мекиштанд.

Баъзе доираҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ, маҳз аз ҷумлаи   роҳбарони собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони  онҳо,ки  ташаббускори  ин  ҷанги  бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми тоҷик, таҳмил  намудани  мазҳаби  бегона  ва  бунёди давлати исломӣ ба оташ равған  мерехтанд.  Андешаву   мафкураи  халқ  амалан ду тақсим шуда буд ва ҷавонони   бетаҷрибаву  гирифтори  эҳсосот бо дастури хоҷагони  дохиливу  хориҷии  хеш  ба  майдонҳо  баромада, вазъиятро боз ҳам мураккаб месохтанду ба ҷои қонун  беқонунӣ, ба ҷои низому тартибот беназмиву  бесарусомонӣ   ҳукмрон  буд. Ин  вазъи ваҳиму муташаниҷи  кишвар, ба зудӣ ба он оварда расонид,ки  аз  мансабдорони  баландпоя, аъзои  Ҳукумат, вакилони  халқ  сар карда, даҳҳо ҳазор нафар мардуми бегуноҳ ба қатл расиданд.

Ба  пуррагӣ  ҳамаи  шохаҳои  ҳокимият, аз  мақомоти  марказӣ сар карда, то зинаҳои маҳаллӣ аз фаъолият боз монда, бисёре аз роҳбарони онвақта  дар  чунин шароити  ҳассос иродаи сиёсӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва азму ҷасорати  раҳнамоӣ  кардани  мардумро  аз  даст  дода  буданд.

Қисми  зиёди зиёиён ва нерӯҳои солимфикри ҷомеа мавқеи шаҳрвандии  худро  муайян  карда  натавонистанд  ва  аз  уҳдаи  иҷрои  қарзи шаҳрвандии  худ  дар  назди  ҷомеа, бахусус  дар  назди  ҷавонони  бетаҷриба баромада  натавонистанд.

Дар натиҷа эътиқоду эътимоди мардум ба роҳбарияти сиёсӣ ва Ҳукумат шадидан коҳиш ёфт, зеро кишвар дар чунин вазъи муташаниҷи сиёсию ҷамъиятӣ амалан бероҳбару раҳнамо монда буду  хатари  аз байн рафтани  миллату  давлати  Тоҷикистон таҳдид мекард. Вале барои бахти миллати тоҷик офтоби умедбахш нури фардоро арзонӣ дошт ва нафаре ба курсии роҳбарии давлат интихоб шуд, ки маҳз бо ташаббусу корнамоии ӯ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик сарҷамъ шуд ва дар муттаҳидӣ давлат аз хавфу вартаи ҳалокат наҷот ёфт.

Маҳз  яке  аз  сутунҳои  устувори  таъмини  Истиқлолияти давлатӣ, рӯзи   27-уми  июни соли 1997, рӯзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ буда, барои миллату давлати соҳибистиқлоли  тоҷик,  ҳамчун   санаи  муҳими   таърихӣ  ба  ҳисоб  меравад.

Бо шарофати Ваҳдат, ягонагӣ  ва ҳамдилӣ барои пешрафти иқтисодиёти  ҳамаи  минтақаҳо  шароит  фароҳам  оварда шуд.

Баргу сози коинот аз ваҳдат аст,

Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст.

Боиси  хушбахтӣ, ки  миллати  тоҷик  азалӣ  дурандешу  хирадманд буда,  табиати  сулҳофарӣ  доштаву  сифати  инсондӯстиву  меҳанпарастиро  доранд, ҳамеша   ба  гузашт  ва  созиш  омода  ҳастанд, гарчанде,ки  дар тӯли  таърихи  гузаштаи  худ, аз  дасти  аҷнабию  аҷнабипарастон  борҳо  зери  зулму  шиканҷа  қарор  гирифтааст, ин  даъфа низ бо роҳбарии  Пешвои  воқеии  худ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, бо  дарки баланди манфиатҳои умумимиллӣ   қувваҳои   аҳриманиро, танҳо  ба  хотири оне, ки  ҳаммиллатони  мо  буданд  авфи  умум  эълон  доштаву  аз  гуноҳи кардаашон  гузашт  кардаву  ба   Ватан  хононданашон, то, ки дигар  халқи  азиятдидаву  парешон гаштаи  тоҷиқу   тоҷикистонӣ, дар  марзу буми  меҳани  азизи   хеш, макону  манзилашон   зери  фазои  сулҳу  амонӣ  ба  сар  баранд.

Зеро  сулҳу   ваҳдат, ки  ҳамешагӣ   барои  тамаддунёбии  ҳар  як  миллат  ва  рушди  босуботи  ҳар  як  давлат  чун  обу  ҳаво  заруру  лозим  аст.

Кишвари мо маҳз тавассути Ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушд, пешрафту тараққиёт рӯ ба беҳбудӣ намудаву бо заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори   сулҳу   ваҳдати  миллӣ-Пешвои   миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, дастовардҳои  назаррасро  соҳиб  гардида,  давра  ба  давра  ба  амалҳои  неку ояндасоз гомҳои мустаҳкам гузошта истодааст.

Дар  ин  давра, дар  баробари  пешравиҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ  мавқеи  байналмилалии  Тоҷикистон  низ  хело  мустаҳкам  гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми он дар робитаҳои муносиботи ҷаҳони муосир баланд  шуд, ки  ҳамаи  ин  дастовардҳои  даврони  соҳибистиқлолии  кишвар ва файзу баракати ана ҳамин Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи Ватанамон мебошад.

Бо  сиёсати  халқпарварона  ва  хирадмандонаашон  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон    муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон  ба  ҷаҳониён  собит  намуданд, ки  миллати тоҷик дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати мушкилотҳою душвориҳо ва саранавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои Худодии   худ  истифода  карда, миллату  Ватанро  эмин  нигоҳ  медоранд  ва ё аз  ҳар гуна  таҳаввулотҳою фалокатҳо   наҷот медиҳанд.

Дар  замони  муосири  рушдкунанда,   таҳкими сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ ба таҳкими рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳидоят карда, заминаҳои муосири иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд меораду дар Паёмҳои   ҳарсолаи   ироагардидаи   Пешвои  миллат, Президенти  кишвар  ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ҳуқуқ  ва  озодиҳои  бунёдии  инсон, аз он ҷумла гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, иштироки бевоситаи  мардум дар корҳои идораи давлат барои дар амал татбиқ намудани  ғояҳои Ваҳдати миллӣ чун дурнамои ягонаи халқу давлат бо хотири  ободию  рӯзгори  мардум  то  ба расидан ба ҳадафҳои ниҳоии он, яъне, ки  зиндагии  шоистаи  мардум  инъикос  мегардад.

Мусаллам аст, ки ҳама гуна  ҳадафҳои  иқтисодии  кишварамон  маҳз дар заминаи Ваҳдати  миллӣ  ба  вуҷуд  омадаву  мо  миллати  тоҷик дар марҳилаи  ҳадафи  чоруми  кишвар, яъне, ки  саноатикунонии  кишвар  қарор дорему дар сурати  саноатикунонии  кишвар  дар  замони  муосир  ба  ҳадафҳои  олии дар пеш гузоштаамон расида метавонем.

Мо  миллати  сарбаланди  тоҷик  танҳо бо  тақвият  бахшидани   Ваҳдати  миллӣ, якдилию    якдигарфаҳмӣ  ва  кӯшишҳои пайваста,  метавонем  ба  он  марҳилаи  ниҳоӣ, зиндагии  шоистаамон  расем.

Вале набояд фаромӯш  кард, ки  ҳанӯз  ҳам  хоинону  душманони миллату  давлатамон  чӣ  дар  дохилу  чӣ  дар  хориҷи  кишвар, умедашонро аз  иғвоангезию   ноором  намудани   Ватан  ва  ба  дассисаҳои  навбатии  сиёсӣ  тела  додани  халқи  Тоҷикистон  накандаанд. 

Боварии комил дорем, ки  ҳамватанони  азизамон, аз ҷумла сокинони ватанпарвару  меҳнатдӯсти  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ, ба ғавғоҳои беасосу бемантиқи қувваҳои аҳриманӣ дода нашуда,  бо дарки амиқи ҳадафҳои  неки  созандаву  бунёдкоронаи  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон  зичтар муттаҳид гардида, қуввату ғайрати худро  минбаъд  низ ба манфиати Ватан, таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти  давлатӣ  ва  Ваҳдати  миллӣ  равона  месозанд.

Дӯстон бо ҳам бисозем, ки замони Ваҳдат аст,

Ҳамдилу ҳамдард будан ҷисму ҷони Ваҳдат аст.

Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборак бошад!

Муҳаммаддовуд  Ҳалимов, раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg