Конференсияи якуми вилоятии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон таҳти раисии Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода баргузор шуд. Дар конференсия раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Хатлон Сайфиддин Шарифов, 26 вакил аз кумитаҳои иттифоқҳои касабаи кормандони ҳизбии шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.
Дар ҳайати раёсати конференсия Қиёмиддин Миралиён – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Сайфиддин Шарифов – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Хатлон, Ҳусейнзода Наврӯз – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб шуданд.
Дар рӯзномаи конференсия масъалаҳои зерин: таъсиси Кумитаи муттаҳиддаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизб дар вилояти Хатлон, интихоби ҳайати Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон, интихоби ҳайати комиссияи тафтишотии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон, интихоби раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар конфронс ҳайати Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон интихоб гардиданд. Изҳори умед карда шуд, ки дар мустаҳкам намудани мавқеи Кумитаи иттифоқи касаба ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Аз рӯйи масъалаи сеюми рўзномаи конференсия ҳайати комиссияи тафтишотии Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ иборат аз се нафар: Шомуродзода Саидаъзам – сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Абдурашид Усмонов – сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Искандар Қаҳҳоров – сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар интихоб гардиданд.
Масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис низ муҳокима гардида, Беҳрӯз Бобоев раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон интихоб карда шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ба иштирокдорон изҳори миннатдорӣ карда, иброз дошт, ки баҳри амалӣ шудани ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, мавқеи ҲҲХДТ-ро дар ҷомеа боз ҳам пойдору мустаҳкам хоҳем кард.
Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон