
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Тоҷирони Ҷамоати деҳоти Гулистон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, аз варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирӣ аз коронавирус COVID-19 истифода намуда, ҳамарӯза ба мардум нисбати ин вируси хатарнок ва истифодаи дурусти қитъаҳои замин, тавсияҳои муфид пешниҳод намуда истодаанд.
Масъулин дар мулоқоту вохӯриҳо бо усули “хона ба хона” аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуда, дар бораи самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замин, гирифтани ҳосили хуб бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ андешаронӣ карда, онҳоро барои меҳнати софдилона баҳри таъмини зиндагии арзанда ва риоя намудани гигиенаи шахсӣ даъват карданд.