
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус бо усули «хона ба хона» бо сокинони деҳаи Ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, онҳоро таъкид карданд, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, бе зарурат аз хонаҳои худ набароянд, аз ҷойҳои серодам худро дар канор гиранд ва ба ҳар яки онҳо ниқоби муҳофизатӣ тақсим карданд.