БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР МАҲАЛ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ҷиҳати пешгириву муқовимат бо бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳо дар деҳаи Ҷомии Ҷамоати деҳоти Яккатут корҳои фаҳмондадиҳиро гузарониданд.

Намояндагон аз ҳолати кишт ва истифодаи заминҳои наздиҳавлигии сокинон бо усули “хона ба хона”,  инчунин аз ҳолати заминҳои Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди деҳа дидан намуда, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо меваю сабзавоти тару тозаи ватанӣ таъмин намудани бозори истеъмолии кишварро  ба сокинон фаҳмонданд.

Ҳамзамон, дар мулоқотҳои мазкур бо мардум ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо бемории “Ковид - 19” аз ҷониби намояндагон корҳои таблиғотӣ гузаронида шуда, барои риояи ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ, безараргардонии манзили зист ва  пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ба аҳолӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg