БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПӮШИДАНИ НИҚОБИ ТИББӢ ОДАМРО АЗ КОРОНАВИРУС ҲИМОЯ МЕКУНАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаҳои Абурайҳони Берунӣ ва Камоли Хуҷандӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус бо сокинони ин маҳаллаҳо вохӯриву суҳбатҳо доир намуданд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур огоҳ намудани сокинон аз бемории сирояти КОВИД -19 мебошад. Гурӯҳи корӣ дар рафти суҳбат аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки нигоҳ доштани фосилаи байниҳамдигарӣ ва пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, шустани дастон мунтазам бо собун ва истифода намудани маҳлулҳои антисептикӣ, нӯшидани оби ҷӯшонидашуда, тозаву озода нигоҳ кардани муҳити атроф, тамизкорӣ намудани хона бо маводҳои хлордор ва ғайра яке аз роҳҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ мебошанд.

Дар рафти вохӯриҳо ба сокинони маҳалаллаҳои номбурда зиёда аз 250 адад ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои тарғиботӣ тақсимот гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg