Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар деҳаи Бобоқул Хидиров корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ миёни мардум ба роҳ мондаанд.
Дар ин хусус гурӯҳи корӣ бо усули « хона ба хона» ва дар саҳро вохӯриҳо баргузор намуда, сокинонро таъкид карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд, бе ниқоб дар кӯчаву ҷойҳои серодам гаштугузор накунанд. Барои истифодаи ҳаррӯзаашон баҳри пешгирӣ аз бемории сироятӣ ва нишонаҳои он варақаҳои иттилоотиро тақсим намуданд.
Ҳамчунин, дар идомаи суҳбат истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ ба дарки ҳамагон расонида шуда, дар охир ба сокинон 110 адад ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.