ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Сафедшаҳрак Аксияи таблиғотии бо усули “хона ба хона” ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ барои таъминоти оила гузаронида шуд. Дар ин рӯз заминҳои 73 нафар бошандагони деҳа аз назар гузаронида шуда, ба заминистифодабарандагон дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки замин расонида шуд.