БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби ҳадафҳои бунёдкоронаи ҳизб дар деҳот

ПАНҶ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҳизб ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамзамон тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал  ва дар ин росто таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар қисми дуюми маҳаллаи Сармантой 2 -и ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ вохӯрии   судманд гузаронида шуд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар  зимни суханронӣ аз  сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки бо назардошти он, ки дар Паёми имсола соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст ва барои рушди сайёҳӣ ва аз сари нав эҳё шудани ҳунарҳои мардумӣ замина гузошта мешавад.

Ҳамчунин, қайд шуд, ки риояи қонунҳои миллии қабулнамудаи Ҳукумати кишвар аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  вазифаи муқаддаси ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ буда,  мебояд, ки барои татбиқи онҳо  саҳми арзандаи худро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg