![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180423_160145.jpg?itok=PEwDHEVt)
МУЪМИНОБОД. Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муминобод дар деҳаи Саркорони ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муминобод бо истиқоматкунандагон маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва сармуҳосиби Кумитаи иҷроия С. Латифов иштирок намуда, оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, афзоиш додани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони соҳибмаърифат, зиёд намудани шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ суханронӣ намуданд ва иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.