ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Дар Аксияи ҳизбӣӣ бо усули “хона ба хона”, ки аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо гузаронида шуд, бештар аз 93 нафар сокинони манзилҳо иштирок намуда, дар бораи роҳҳои пешгирии бемории коронавирус ба таври муфассал маълумот пайдо карданд.
Бо хоҳиши сокинон аъзои гурӯҳ дар баъзе хонаҳо тарзи шустани дастон, бо намакоб, ғарғара намудани даҳону бинӣ, тарзи истифодаи ниқобҳои тиббӣ ва дигар роҳҳои пешгирӣ аз ин бемориро ба таври амалӣ нишон доданд.
Ҳамчунин,, дар ин рӯз масъулин аз ҳолати истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуда, ба онҳо оид ба рӯёнидани ҳосили баланд маслиҳатҳо доданд.