БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ОМИЛИ АСОСИИ САЛОМАТИСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус бо усули “ хона ба хона” бо сокинони маҳаллаи ба номи Маъруфхӯҷа Баҳодурови Ҷамоати шаҳраки Москва корҳои оммафаҳмонӣ гузарониданд.    

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Сайдалиев Гадоӣ дар бораи риояи гигиенаи шахсӣ, ки омили асосии саломатии инсон мебошад, бо сокинон суҳбат намуда, таъкид кард, ки бе ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор нанамоянд.

Дар рафти Аксияи таблиғотӣ ба ҳамагон муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тавсияҳои табибон оид ба пешгирии ин  бемории хатарнок тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg